Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сангимурод соли 1996 талабаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №27-и зодгоҳаш шуд. Ӯ дар айёми таҳсил дар мактаб пайваста дар чорабиниҳои муассисавӣ ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, соҳиби ифтихорнома ва таҳсини волидону наздикону устодон мегардид. Соли 2007 таҳсили мактабиро бомуваффақият хатм намуда, ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ҳоло Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дохил шуд.
Таҳсил дар донишгоҳ ба Сангимурод имкон дод, ки аз устодони соҳибтаҷриба Искандар Икромов, Рустам Тағаймуродов, Наргис Раҳмонова, Маҳкамзода Дилором, Наимзода Қудратулло, Муҳаббат Маҳмадалиева, Қурбонова Раҳиёнгул ва дигарон сабақ омӯхта, дар муҳити факултет аз дониш ва қобилияти худ дарак диҳад. Устодонаш донишу қобилият ва ахлоқи ҳамидаи ӯро ба назар гирифта, ба чорабиниҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ ҷалб менамуданд. Аз ҷумла, ӯ солҳои 2010-2012 дар олимпидаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро шарафёб шудааст.
Соли 2012 донишгоҳро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намуда, дар кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба корҳои таълимиву тарбиявӣ ва пажӯҳиши илмӣ ҷалб гардид...
Дар як сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав муаллима Дилором Маҳкамзода ӯро бо ман шиносонида, барои қабул ба шогирдӣ маслиҳат пурсиданд.
Вақт хостам ва бо гузашти фурсат дарёфтам, ки неруи эҷодӣ дорад, ба омӯзишу пажӯҳиши илмӣ шавқаш кам нест.
Мавзуи «Мавқеи очерк дар публитсистикаи Бахтиёр Муртазо»-ро барояш пешниҳод намудам. Ба пажӯҳиш машғул шуд, супоришҳоро сари ваҷт иҷро мекард, аммо аз таҳқиқҳояш бармеомад, ки афкори илмиаш чандон шакл нагирифтааст.

пешина
аз 194
навбатӣ