Нигоҳи чашму дил

Омӯзиши адабиёти назариявиро барояш тавсия додам, тадриҷан дар таҳлилу таҳқиқоташ муносибати интиқодӣ пайдо шуд ва сифати корҳояш хубтар гардид.
Омӯзишу пажӯҳиши илмияшро 24-уми апрели соли 2019 дар Шурои диссертатсионии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байнидавлатии Тоҷикистону Русия” дар шакли диссертатсияти номзадӣ бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардид.
Сангимурод дар баробари фаъолияти омӯзгориву пажӯҳишӣ ба ВАО низ ҳамкории пайваста менамояд. Ӯ муаллифи барномаҳои телевизион ва радиоии “Ифтихори ватандорӣ”, “Соҳибватан”, “Мактаб ва маориф”, “Саҳнаи ҳунарманд”, “Дар мавзӯи рӯз” ва ғайра мебошад. Нигоштаҳои зиёдаш дар матбуоти даврӣ ба нашр расидааст. Ҳамкорӣ бо ВАО, бахусус нашрияҳои даврӣ қобилияти нигорандагии ӯро сайқал бахшида, андешаву назарашро ба масъалаҳои иҷтимоӣ нисбатан фарох ва мунсифона гардонд.
Сангимурод ба кори эҷодӣ дилбастагӣ ва сидқ дорад, дар баробари кори таҳқиқӣ, гоҳ-гоҳ шеъру тарона ва ҳикояву қиссаҳои адабиву публитсистӣ низ менависад. Навиштаҳои ӯ ҳарчанд аз нигоҳи ҳунар баҳсталабанд, аммо ҷанбаи хуби иҷтимоӣ ва тарбиявӣ доранд.
Дар ин маҷмуа лавҳаву очеркгуна, мақолаҳои илмиву публитсистӣ ва ҳикояву қиссаҳои ӯ, ки тӯли солҳои гуногун дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмуаҳои алоҳида интишор гардидаанд, гирд оварда шудааст. Ин нигоштаҳо ҳарчанд аз нигоҳи касбияти эҷодӣ дар як сатҳ нестанд, аммо ағлаби онҳо, як навъ хушаҳо аз кишаҳои шогирдонаи Сангимурод буда, ифодагари бардоштҳои чашму дил, меҳру муҳаббат ва самимияти ӯ ба устодон, ҳамкорон, диёр ва Ватани азизамон-Тоҷикистон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё