Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умуман, дарунмояи осори мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дарку фаҳм, худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати худ дар бар мегирад. Аз ин рў, лозим меояд, ки ҳамагон аз ашъори ин нобиғаи ҷаҳонӣ ба хубӣ огоҳ гардему дар фаъолияту муносибатҳои гуногуни худ аз он истифода намоем.
ПУБЛИТСИСТИКА ВА ТАЪСИРИ ОН БА
АФКОРИ ҶОМЕА
Публитсистика аз ҷумлаи соҳаҳои эҷодест, ки ҳадафи он омўзиши паҳлуҳои фаъолияти осори илмиву бадеӣ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа ва баҳо додан ба ин масъалаҳо мебошад. Публитсистика дар шинохту маърифати воқеаву падидаҳои замон, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва ҳалли проблемаҳои зиндагӣ нақши асосӣ дошта, ҳамеша онро таҷассум менамояд. Публитсистика ба навъҳои дигари эҷод, аз ҷумла адабиёти бадеӣ, таърихнигорӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ, рассомию ҳайкалтарошӣ, санъати суруду мусиқӣ ва ғайра иртиботи хеле наздик дорад. Барои баррасии як ҳодиса дар ин самт предмети гунонгун чун ҷузъи муҳим хизмат менамоянд. Ҳангоми фарогирии ҷабҳаҳои публитсистика, пеш аз ҳама, дониши мукаммали замонавӣ доштан лозим аст, то ин ки мақсад ва сухани адибро дуруст дарк бинамоӣ. Аломатҳои публитсистика аз давраҳои хеле қадим дар асарҳои мутафаккирону адибони бузург, чун Афлотун, Демосфен, Арасту, Ситсерон, Абабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абали ибни Сино, Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, Аҳмади Дониш. Садриддин Айнӣ ва ғайра бараъло мушоҳида мешавад.
Дар ин давра ва минбаъд дар ҷомеа табаддулоти зиёде ба вуқуъ омада, аз мадди назари публитсистон дар канор намемонад.
Равнақи соҳаҳои ҷомеа дар давраи эҳё масъулияти публитсистонро бештар намуда, он ба силоҳи асосии давр табдил меёбад. Маҳз ҷиҳатҳои рўзмаррагӣ, тарбиятгарӣ, сафарбаркунӣ ва оммавият доштани осори публитсистика ин соҳаи эҷодро ҳамеша пешоҳанг намудааст. Минбаъд, публитсистика дар давраҳои гуногуни таърихӣ рушду такомул ёфта, ҳамеша барои фаро гирифтани идеология ва тарғиби хисоили беҳтарини инсонӣ хизмат карда меояд. Предмети публитсистика тамоми рӯйдоду воқеа, падидаю зуҳурот ҳолату амал, андешаву хаёлот буда метавонад. Аммо ҷанбаи аз ҳама асосӣ ва муҳим, муносибати хосаи нигоранда ба объект аст.

пешина
аз 194
навбатӣ