Нигоҳи чашму дил

Таълимоти ин абармарди олами шеъру сухан дар замони мо низ дар тарбияи ахлоқию маънавӣ, худшиносиву худогоҳии наслҳои имрўза, оянда хеле муассир аст. Зеро ин шахсияти нотакрори олами маъонӣ ҳастиву эҷодиёти хешро масрафи саодати башарият кардааст. Алалхусус, ў дар муносибату муомилаҳои самимӣ нақши инсони хушахлоқу босаодатро асосӣ меҳисобад ва ҳамдилию ҳамраъйии одамонро аз ҳамзабонию ҳамнажодӣ волотару беҳтар медонад:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Дар эҷодиёти мутафаккир мақому манзалати инсон ҳамаҷониба густариш ёфтааст ва тасвири он дар адабиёти форсу тоҷик нақши худро гузоштааст. Абёти зерин бозгўйи он аст, ки дар ҳалли масоили пуртазоди ҳаёт ва мақсадҳои наҷибона шуълаҳои ақлҳои дурахшон бо собитқадамию ҳамбастагӣ ёвару мададгори ҳамдигаранд:
Машварат дар корҳо воҷиб шавад, То пушаймонӣ дар охир кам бувад.
Ҷалолуддини Балхӣ дар ин мисраъҳо роҳи пурпечутоб ва пурнишебу фарози инсонро аз фаҳми ирфонӣ хеле дилчаспу шоирона ба қалам додааст:
Хештан нашнохт мискин одамӣ, Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.
Хештанро одамӣ арзон фурўхт, Буд атлас, хеш бар далқе бидўхт.
Шоир ба афроди фозилу ашхоси равшандил таъкиду тавсия медиҳад, ки аз ҳалқаи одамони нопоку ноасл бипарҳезанд ва аз суҳбати нофарҷому дилхароши онон дурӣ биҷўянд:
З-ахмақон бигрез, чун Исо гурехт, Суҳбати аҳмақ басо хунҳо, ки рехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё