МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Баҳорон омаду бишкуфт лола,
Чу рўйи дилбарон шуд рўйи ёла.
Паёпай абри соқӣ майкашӣ кард,
Лаболаб шуд ҳазору як пиёла.
Яке барқе гусастӣ шаддаи абр,
Ба гўши лола шуд овеза жола.
Яке хуршед лағжидӣ раҳораҳ
Саҳар дар шабнами шахҳои тола.
Ба ҳар сў лоларўе лолачин аст,
Вале дилдори мо дар истиҳола.
Наомад, ки бубинам лолаҳоро
Ба даври моҳи рухсораш чу ҳола.
Наомад, ки зи гулбарги лабонаш
Нагардад бўсае ногаҳ ҳавола.
Дареғо, ў вафоро ҳайф донист.
Ба кулли ваъдаҳои порсола.
Баҳорон омаду он гулбаданро Наомад раҳм бар Дорои вола.
Дилбари мо оқибат дилёб шуд,
Хонаи мо хонаи маҳтоб шуд.
Ман варо гум карда будам ҳамчу бахт,
Бахти ман дарёб шуд, дарёб шуд.
Аз фараҳ он гуна барҷастам, ки дил
Мавҷхези баҳри бепоёб шуд.
Ман ба ҷои симу зар дар пеши пош
Ашки шодӣ рехтам, симоб шуд.
Бўсаборонам ба сарвақташ расид,
Гулбуни рухсорааш шодоб шуд.
Боғи ҳуснаш зардрўйӣ мекашид,
Бесабаб не, ки дили мо об шуд.
Боз шуд оғўши нармаш боғ-боғ,
То насибам меваҳои ноб шуд.
Баски он дороии бебозгашт
Боби Доро буду омад, боб шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё