МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Аз хона як шабе чун маҳ баройӣ чӣ?
Дарвозаи дилат бар мо кушойӣ чӣ?
Мо марзи ташнаву боре чу обшор
Худро ба кокулат печида ойӣ чӣ?
Бар шишаи дилам биншаста зангҳо
Бо як табассумат онро зудойӣ чӣ?
Аз ман ки мерамӣ, эй кабки хушхиром,
Аз нўги теғаҳо як дам саройӣ чӣ?
Овоз гар диҳам чун кабки буттагӣ
Аз кўҳ парзанон дидан фуройӣ чӣ?
Субҳи умеди мо гардида дерхусп,
То зуд бардамад, ҷайбат кушойӣ чӣ?
Гар ошиқе шайдо шавад, дар ошиқӣ расво шавад,
Он гаҳ чу фарди комиле аз хештан эҳё шавад.
Гар қодирам ё моҳирам, озорӣ асло нестам,
Дардо, ки умре душманам аз дўстон пайдо шавад.
Беҷо шавад чун тармае, беҷо шавад авзои кўҳ,
Беҷо магӯ, гар сарвари саркўчике беҷо шавад?
Дар кўчаҳои шаҳри мо гулҳои бебў бишкуфанд,
Он гулбадан чун бигзарад, гулҳо ҳама бўё шавад.
Сархори девораш бубин, мижгони хунафшон шуда,
Ҳар кас ки меҷўяд варо, бояд чунин ҷўё шавад.
Хушгавҳару пиро шавад аз тобу таб он симбар,
Бе симу зар доро шавад, гар ошиқи Доро шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё