МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа
Ин маҷмӯа, ки ҳовии барчидаҳо аз ҳашт дафтари ашъори Доро Наҷот, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ ва чанд шеъри тозаи ӯст, бозтобе аз вижагиҳои ҷӯёйӣ ва тозакории ин шоир дар ростои дастёбӣ аз шеъри суннатӣ то фарозои шеъри нимойӣ, бавижа шеъри сапедест, ки мавриди истиқбол дар ҳавзаи форсизабонон қарор гирифтааст.
БОЗТОБИ ВАҲДАТ
Эҳдо ба сару сарвар ва Президенти мўҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дуруд мар - туро эй раҳбар!
Ки тулўъи табассумат худшукуфойиро гулбез мекунад дар боғҳои шабнаму дурахш.
Барқи шуҷоати чашмонат Роғун – Роғун нерўгоҳи тамаддунофарӣ месозад дар Вахши эҳсосу Зарафшони идрок.
Тоҷиконатарин тоҷ бар сарат ҷило мебезад чунон ки хуршед дар ситеғи бадахшонии Меҳан!
Ваҳдати мо ғунчаест, ки якпарчагии гулбаргҳои миллатро ба ҷилва меорад дар шукуфтатарин гулбоғи рўйишу афрўзиш.
Навозишат мевазад насими отифаро1 ба сари ятимон, чунон ки мехазад зулоли об рў – рўи махмалаки гулсанг.
Туйӣ, беҳин корсоз, ки эъмор мекунӣ девори Исмоили Сомонии дилҳоро.
Ва Бўаливоре бо даҳ ангушти ҳунар дар шикастабандии устухони миллат!
Мо дар партави рўшантарин боварҳо Ватанро мебинем чу равзае пур аз шукуфаи ғунчаҳои ваҳдат.
Он ҷо атласиёни суғдисуруду чаманзебони хатлонии чаканпўш гули арғушт мекоранд ба даври шаҳсутуни кайгоҳи1 шукўҳи миллат!
Туйӣ, ки Тоҷикистонро меодурахшӣ чу як сайёраи тобон аз баландои уфуқи Созмони Милал ба саросари ҷаҳон!
Ва сад дуруд мар – туро, эй абар!
Ва эй, ҳумоюнфар!
15 – 8 – 2010.
Кайгоҳ – тахт, тахти каёнӣ.
Отифа – меҳр, меҳрубонӣ, шафқат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё