МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Гарчи одам пойбасти олам аст,
Ҳастии олам ба дасти одам аст.
Гарчи дунё маҳзари бунёдҳост,
Буду нобудаш ба раҳни барҳам аст.
Пур шуд аз бомбу мушак рӯи замин,
Лек ин сармоядоронро кам аст.
То даме, ки аслиҳа бошад қарин,
Одамӣ бо одамӣ номаҳрам аст.
Ҳар қадар оташ фурўзад ҷангҷў,
Он қадар ояндаи ў мубҳам аст.
Ҳайфи он ҷангал, ки аз бабри мушак
Шераш олуғда, ғизолаш дар рам аст.
Бохабар мон пой, эй абнои давр,
Морҳои ҳастаӣ андар хам аст.
Сулҳро меҷўй чун мардумгиёҳ,
Ин гияҳ захми ҷаҳонро марҳам аст.
Сулҳ дар чашмони мардум мардумак,
Сулҳ дар ангушти ҳастӣ хотам аст.
Сулҳ дар барги гули рухсори ёр
Мондагории ҷилои шабнам аст.
Рўи олам рўи хон донӣ агар,
Сулҳ дар дасти башар ҷоми Ҷам аст.
Сорбон гар сулҳ бошад, корвон
Дар раҳи амну амонӣ пайҳам аст.
Фараҳ бахшад басо андўҳу хушвақтӣ басо армон,
Басо осон шавад мушкил, басо мушкил шавад осон.
Аҷойиб гулрухон дорад Душанбеи азизи мо,
Ки боре дида ононро тайи умре шавӣ ҳайрон.
Ба дилбарҳои қонундон чӣ гуна рози дил гўям,
Ки тарзи ишқбозиро на дастур аст, не фармон.
Сарам дар интизориҳои хушрўён бишуд испед,
Сапеда баски буд умре сари раҳ бар сарам афшон.
Шакарханде ба бепул тоҷири ҳуше намебахшад,
Бирав Доро ба бозори фурўши ишваи ҷонон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё