МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бирезад бар сари ту судаи шаб,
Валекин бар сари ман дудаи шаб.
Ки фармудӣ дигар наздат наоям,
Агарчи нест ин фармудаи шаб.
Маро ҳар шаб агар аз дар биронӣ,
Чи суд аз будаву нобудаи шаб?
Тараҳҳум кун, ки осоиш надорад,
Дили ман дар дили осудаи шаб.
Куҷо аз ту равам, ки меравад умр,
Чу дарёи шитоболудаи шаб.
Зи карсони фалак резад сапеда,
Ба сони шири нополудаи шаб.
Биё, ки корвони рўз омад
Яке аз пайраҳи паймудаи шаб.
Чу Доро пошамат гарди хазина,
Чу анҷум бахшамат зартўдаи шаб.
Ҷўё шудам, ҷўё шудам боми туро, боми туро,
Чун кафтари ноошно доми туро, доми туро.
Эй мў ба ранги тирашаб, в-эй рў ҳамосои шафақ,
Дидан басо мехостам субҳи туро, шоми туро.
Аз сўзҳо, аз созҳо, аз розҳо, аз нозҳо
Дарёфтам, дарёфтам оғозу анҷоми туро.
Оташ ба ҷон афрўхтам, дил сўхтам, ҷон сўхтам,
Чун чашми бовар дўхтам бас ваъдаи хоми туро.
Ҷон меканад, ҷон меканад чун моҳии коми наҳанг
Ҳар кас биҷўяд чун мани ноком гар коми туро.
Меҷӯямат, эй бедарак, дар раставу бозорҳо,
Бошад харидорӣ кунам гулҷоми андоми туро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё