МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бо ту дур аз хориям, хорам макун,
Бо ту дур аз зориям, зорам макун.
Дил бувад гар аз қафоят дилкашол,
Бо гуноҳи дил гунаҳгорам макун.
Хонаи ори маро орост ишқ,
Гар баорӣ, орӣ аз орам макун.
Чашми чорамро бубину чора соз,
Рўи роҳат чору ночорам макун.
Эй, ки мехонӣ китоби фалсафа,
Илтимос, инкори инкорам макун.
Бе ту дил Дорои ғоратгаштаест,
Гар тўи дилдор, нодорам макун.
Ёр имшаб бўи райҳон мекунад,
Бўйро аз мўй афшон мекунад.
Атри зулфонаш ҳавои хонаро
Чун ҳавои Арчамайдон мекунад.
Озарахши шабнами гулбарги рўш
Меҳру маҳро нурборон мекунад.
Чун гули шому саҳар бар гарданам
Кокулашро печ – печон мекунад.
Ошиқони ошкорашро зи мо
Хоксорӣ бин, ки пинҳон мекунад.
Мегурезад аз ману огоҳ нест,
К - ў маро аз ман гурезон мекунад.
Мушкилоти рафтани ҷонро зи тан
Рафтани ҷонона осон мекунад.
Ҳамчу ахтар чашмакам зад, ки дигар
Вохўрӣ дар боми кайҳон мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё