МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар ним нафас аз раҳи дилҳо гузаре ҳаст,
Дар ним нафас аз дили дарё гузаре ҳаст.
Бо ин ҳама шавқу ҳавасу шўри паёҳам
Дар ним нафас аз сари дунё гузаре ҳаст.
Оне, ки навиштӣ ҳама дам арзу шикоят,
З-олам, ки гузар кард, зи даъво гузаре ҳаст.
Бадкешу бадандеш дигар роҳ наёбад,
Дар манзили ҳар сир ба ифшо гузаре ҳаст.
Дорои ҳама дарду балоҳот шавам ман,
Вақте ки туро аз бари Доро гузаре ҳаст.
Ризқи мо дар хўшаи гуфтори мост,
Мазраъи мо саҳфаи ашъори мост.
Лек дар чашми замона камбаҳо
Чошҳои хирмани афкори мост.
Давлати хобида кош ояд ба хоб,
К-орзуи давлати бедори мост.
Баски гапбофист кори раҳбарон,
Гапфурўшӣ шуғли дўкондори мост.
Заҳри маърўза чу заҳри харбуза
Корагар дар синаи афгори мост.
Чун ливои сусиёлизм “баланд”
Нархи чити сурх дар бозори мост.
Ғам махўр аз бепулӣ, бепул ҳаво
Дар фазои кишвари “мухтори” мост.
Сар равад ҳам сирро дорад ба худ,
Зарфи сирдоре сари сардори мост.
Эй басо хуниналам афроштем
Баски хуниндилшавиҳо кори мост.
Субҳи комуни дурўғин пардадор
Субҳи маҳшарро ба чашми чори мост.
Мурда тарсад аз шиори “зинда бод”,
Зиндагонӣ баски худ безори мост.
Оҳ, Доро, то куҷо доро туйӣ?
То ҳама соҳибсухан нодори мост...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё