Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дур шав аз сўзи ман, эй ҳамнафас,
Бо умеди дигарам дил пурҳавас.

Ишқ мекўбад дари сабри маро,
Мезанад кабки ҳаво сар бар қафас.

Эй ки мекуштӣ алоби синаам,
Ҳон, пас аз ин сўзамат чун хору хас.

Дигарам зорӣ макун чун додхоҳ,
Додхоҳам худ аз он фарёдрас.

Он манам, аммо маҷў дилдориям,
Он диле ки доштам, додам ба кас.
1994.


Эй ба чашми мо зи сар то пой нағз,
Як ба чашми мо назар бинмой нағз.

Бо рухе, ки нағз оро додаӣ,
Базми моро ҳам шабе орой нағз.

Раҳзании дил гарат бар дил зада,
Роҳи дилҳоро ту худ паймой нағз.

Эй шубондухтар, дар оҳанги рама
Нолаи рўду фиғони ной нағз.

То зи саршир оядам таъми лабат,
Шир аз дўша чашу полой нағз.

Эй ки бар Доро кушоӣ банди дар,
Банди дилро ҳам шабе бикшой нағз.


Дар чашми ман ғами ман ҷўшад чу симнобе,
Дар чашми ў ба сўям бозӣ кунад саробе.

Дар чашми ман ишора, ҳар гаҳ ки рў ба рўем,
Дар чашми ў назора афтад ба печутобе.

Дар чашми ман ба чашмаш афсун ҳамошён аст,
Дар чашми ў ба чашмам ҳамхона изтиробе.

Дар чашми ман нигоҳи лабрез аз навозиш,
Дар чашми ў нигоҳи саршор аз итобе.

Дар чашми ман тавалло: “к-аз ман чӣ мегурезӣ?”
Дар чашми ў тасалло: “ку ишқи беазобе?”

Рафту дигар наомад, аммо агар биёяд,
Дар чашми ман суоле, дар чашми ў ҷавобе.


Менаёбӣ дар бисотам ҷуз хаёл,
В-аз хаёлам мешамӣ атри висол.

Бўи бемаҳтобии шаб мекунад
Ин ҳавои абрии ошуфтаҳол.

Дар сари кўҳи сукутам пар зада
Кабкии абрўят, ай кабкинабол!

Гулбуни гулдони ҷодуи туям,
Бишкуфад дар ҳайратам гулбарги фол.

пешина
аз 264
навбатӣ