МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Боз ояд шиҳаи шабдези роз,
Ноз резад аз меҳи1 гулбези ёл.
Дилситонҳоянд ҷумла пулситон,
Ишқи ин дунёст савдоии мол.
Баски мағзи ҳастаи2 ҳастист пуч,
Мағз дар мағзем ҳасти инфиол.
Таҳбисоти ҳусни хубони ҷаҳон
Ҳадя омад аз ҷамоли Лоязол.
Мулки Дорои дари дорулбақост Остони ҷабҳасои Зулҷалол.
1-2002
1 Меҳ – бухоре, ки чун абр гардиш кунад; туман.
2 Ҳаста – донак.
Ҳанўз дар бешаи дилам гули сангӣ,
Ба сабз дар сабзи синаам ҳинорангӣ.
Ҳанўз пироя аз тулўъ мебандӣ,
Гули рушано1, гули дурахши афрангӣ2.
Ҳанўз хороии сукути сабрамро
Шикан-шикан по занӣ ба шухиву шангӣ.
Ҳанўз аз решаҳои ёд мерўйӣ,
Ки дар хавозаи токи ишқ пошангӣ3.
Ҳанўз дар маъбади хаёли рангинам
Париваше зи нигораҳои Аржангӣ4.
Ҳанўз Гесуи чангии5 дили Доро
Туйӣ, ки бо сози Паҳлбад6 ҳамоҳангӣ.
4-2002
1 Рушано – шуо, фурўғ, нур.
2 Афранг – фарр, шукўҳ.
3 Пошанг – хўшаи ангур.
4 Аржанг – номи китоби Монӣ, ки дорои нақшҳо ва суратҳои гуногун будааст.
5 Гесуи чангӣ – номи мутрибе дар аҳди Хусрави Парвиз.
6 Паҳлбад – номи аслии Борбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё