Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман худамро борҳо мирондаам,
Зиндагиро борҳо гирёндаам.

Парзанон бо як кабутар содагӣ
Орзуро бар ҳаво афшондаам.

Шўша буд дар новдон пистони гов,
Ҳасратамро шири ях нўшондаам.

Дар хутути чеҳра рангам ҳак зада,
Ранги бенақшии худ резондаам.

Дар мазори синаам хон фотеҳа,
К-охирин лабхандро гўрондаам.

Ишқро дар партави рухсори ёр
Бо паранди сояҳо пўшондаам.

Ашкро дар зарфи ҷўшойии чашм
Бо алоби мағзи дил ҷўшондаам.

Дар гузори атри нури Мустафо
Гулбуни имони худ рўёндаам.

То бузургии Худоро ҳис кунам
Шашҷиҳатро дар дилам гунҷондаам.

1-2002


Рангҷўши рўи мо гулҷўшаи паймонаҳост,
Обгини чашми мо Ҷоми ҷами майхонаҳост.

Гоҳ дар ақлу гаҳе дар ишқ ҷавлон мезанем,
Номи мо дар феҳристи қиссаи девонаҳост.

Мо ҳақиқат ёфтем аз ваҳдати кулли вуҷуд,
Ҳарчи бошад ғайри ў аз наҳваи афсонаҳост.

Аз фишори илми нафси дунявӣ дар мулки зеҳн
Дониши акнуниён1 дар хотири роёнаҳост2.

Равзаи мурғони ҳақгўи сабоҳи маҳшарем,
Шохсори рўҳамон гулғунчазори лонаҳост.

Атри нури Мустафо полудаи ишқи Ҳақ аст,
В-ин зулоли муҷтабо3 ойинаи фарзонаҳост.
3-2002

1 Акнуниён – муосирон.
2 Роёна – компютер.
3 Муҷтабо – писандида, баргузида.

пешина
аз 264
навбатӣ