МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Моҳи найсон баски найсон дидамат,
Дар найистони танам ҷон дидамат.
Нола аз най, най зи нола руста буд,
Найнаворези найистон дидамат.
Розпечу созпечу нозпеч
Ошиқи маъшуқпечон дидамат.
Дўхта бо риштаи барги нигоҳ,
Бофта бо тори мижгон дидамат.
Пираҳан обию гесу шабнамӣ
Дар миёни об райҳон дидамат.
Бо нигоҳи атрогин аз ҳаё
Гулбуни шарми гулафшон дидамат.
Эй гули сурии шохи сураҳо,
Бо насими саҷда рақсон дидамат.
2-2002
Эй ҳолҷў, аз ҳолиё хоҳӣ – нахоҳӣ меравем,
Аз олами чуну чаро хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Аз рўй чун ҳусни фато1, аз мўй чун ранги сиё,
Аз даст чун нақши ҳино хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Аз ҷонканиҳо баҳри нон, аз нонканиҳо баҳри ҷон,
В-аз иштиёқу иштиҳо хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Эй ҷобаҷойи ҷогаҳи ҳолу ҳаво, кайфу сафо,
Аз кўйи ҷо то нокуҷо хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Дунё магўю бозтоб сар аз ғурури ҳастайӣ2,
К-аз Амрикову Осиё хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Ҷавлони ирфонӣ бизан дар обгини ҷоми Ҳақ,
Зеро аз ин майхонаҳо хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
Доро, ба дил равзан кушо бар роҳи нури Мустафо(с),
З-ин раҳ ба дидори Худо хоҳӣ – нахоҳӣ меравем.
9-2002
1 Фато – навҷавонӣ; ҷавонмард.
2 Ҳастайӣ – атомӣ; низ ишора ба ҳастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё