Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба шабнамполиҳойи софии чашмат назар кардам,
Хаёли хастаи худро пур аз гулбарги тар кардам.

Хати парвоз бояд мекашидам дар баёзи субҳ,
Вале раҳгум задам, аз сарнавишти ту гузар кардам.

Зи сабзи ҷангал омад чун танини кабкоҳангат,
Ба оби чашму сабзийи мижа худро шибар кардам.

Зи бўи шайтанат дар ишқ менозад ҳавасташна,
Аз ин нозиш димоғи нозбўро барҳазар кардам.

Зи чашми ишвасозон баски меҷўшад фиреби даҳр,
Ба чашмандози берўйӣ ҳаёро ҷилвагар кардам.

Ҳавойи ишқ абрӣ шуд, тагарги сарзаниш борид,
Ба фарқам барги ревоҷи тааммулро сипар кардам.

Манам Доройи рафтанҳову дигар н-омаданҳоят,
Ки шабҳоро ба доройии нодорӣ саҳар кардам.

10-2002


Аз зовҳои нола пижвоки1 ту рехт, рехт,
Акси фурўғи ҳасрати поки ту рехт, рехт.

Эй аз зулоли олами сарвода2 омада,
Аз коғази сапеда идроки ту рехт, рехт.

Бар боғҳои отифа3 мо ҳам вазидаем,
То аз дарахтии бағал ноки ту рехт, рехт.

Як панҷа моҳтобие бар шомии дилам
Аз як гиребон бахяи чоки ту рехт, рехт.

Шаҳди висолат чун маро дигар нашуд насиб,
Аз шохи мижгон шираи токи ту рехт, рехт.

Доро, шиҳоби соқиб4 аз нафрини осмон
Бо ҷурми Одам бар сари хоки ту рехт, рехт.

1-2002

1 Пижвок – акси садо.
2 Сарвода – шеър.
3 Отифа – меҳру шафқат.
4 Шиҳоби соқиб- санг ё ҷирме, ки аз кайҳон ба замин афтад.
Ситораи паррон ё шиҳобсанг низ гўянд.

пешина
аз 264
навбатӣ