Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эҳдо ба Давлатманди Хол
ва Шабнами Сурайё

Хаёлам дар фаросўҳо гули гулбод мебезад,
Гули гулбоди навруста шамими ёд мебезад.

Хурўши яккафарёди Фалак бо сози Давлатманд
Ба самъи оламиён то қиёмат дод мебезад.

Мижа барҳам мазан, парвезани шабҳои бемаҳтоб
Ҳазорон чашми зебое чу ҳарфи сод мебезад.

Дилам ойина шуд дар инъикоси чеҳраи Шабнам,
Ки аз боғи Сурайё накҳати миод мебезад.

Шукуфти шабнамовезаш миёни барги рухсора
Ғазалмастии нав бо лаҳҷаи аждод мебезад.

Фалак базри наво дар Каҳкашон парвард, ай Доро,
Ки дар хирвори анҷум гандуми фарёд мебезад.


Зиндагонӣ хоназоди барҳам аст,
Нақшперои дурахши шабнам аст.

Дар тамошогоҳи ойини фалак
Ҷилвае аз бастагии одам аст.

Ҳастии мо то бувад маргошён,
Гармӣ дар сардиву шодӣ дар ғам аст.

Баски инсон аз убудият1 гусехт,
Сар ба пои нафс, умре мулзам аст.

Рўшиносу бўшиноси судро
Ҳар куҷо дузде, палиде ҳамдам аст.

Тан чарогоҳу рама фавҷи нафас,
Офият аз гурги нафси худ рам аст.

Ҳарки омад бар ҷаҳони обу гил,
Хонабардўше зи селоби дам аст.

Олами мо мизбоне босахост,
Расми ин хона вале як мақдам аст.

1 Убудият – а) бандагӣ ва тоат; б) хурӯҷ аз ихтиёр аст аз ҷиҳати мувофиқати амр ва иродаи Ҳақ таъоло ва ниҳояти убудият ҳуррият аст; в) низ ишорае ба рондашавии одам аз биҳишт.

пешина
аз 264
навбатӣ