МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ДУБАЙТИҲО
Ало, лабрез аз бӯи Муҳаммад (с),
Зи анбарнурии рӯи Муҳаммад (с),
Биё, бар ҷоми имонам фурӯ рез
Майи хушбӯйи мӯи Муҳаммад (с).
Муҳаммад (с) мазҳари нури ҷаҳон аст,
Муҳаммад (с) манзари меҳрошён аст,
Баҳороғӯшии гулбоғи ҷонро
Муҳаммад (с) гулшукуфти ҷовидон аст.
Ало, ёҳукаши деринаи субҳ,
Бубин аз равзани зарринаи субҳ,
Ки аз хуршедии нури Расул (с) аст
Шарарбези гулу гулхонаи субҳ.
Мани рангида1 дар гулҷӯшаи ашк
Ба раҳ афтодаам бо тӯшаи ашк,
Барои ҳадя бар мавло Муҳаммад (с)
Зи мижгон бастаам зархӯшаи ашк.
Барои саҷда қомат офариданд,
Барои фарз иқомат офариданд,
Намози ишқи эҳдо бар Расулро (с)
Қиёме дар қиёмат офариданд.
Ту ҳулбў кофтию ман дубайтӣ,
Ту шаббў ёфтию ман дубайтӣ,
Гаҳе дар соя, гаҳ дар офтобак
Ту гесў бофтию ман дубайтӣ.
1 Рангида – рангиншуда.
Сапеда боз чун дарё дамида,
Ғизоли шаб чу ёри мо рамида,
Нишони ёри мо – абри гурезон,
Ки маҳ андар хами зулфаш хамида.
Зи мо доду зи ў бедод монад,
Миёни мову ў фарёд монад,
Миёни мову ў дар хирмани ишқ
Зи боди доманаш барбод монад.
Садои рўд мемонад пас аз мо,
Навои уд мемонад пас аз мо,
Алови синаи моро, ки куштанд,
Ба олам дуд мемонад пас аз мо.
Ту менозӣ, ки аз ман мегурезӣ,
Ту менозӣ, ки бо ман меситезӣ,
Куҷо шуд обрўям? Вой бар ту,
Ки як бори дигар онро бирезӣ.
Яке фарзонаро девона гўяд,
Яке девонаро фарзона гўяд,
Яке афсонаро хонад ҳақиқат,
Ҳақиқатро яке афсона гўяд.
Замоне мо ба ҳам будем содиқ,
Ба як духтар вале будем ошиқ,
На бар ман бўсае доду на бар ту,
Ба нафринаш фақат будем лоиқ.
Баромад моҳу моҳи ман наомад,
Дигар шоме ба роҳи ман наомад,
Кашидам оҳ, то раҳмаш биояд,
Вале раҳмаш ба оҳи ман наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё