МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ало, ноошнои матлаби ман,
Ало, ноогаҳи тобу таби ман,
Мапиндорӣ дигар кӯтоҳумрам,
Ки сад шаб бе ту будӣ ҳар шаби ман.
Ватан дар муфлисӣ дороии мост,
Ватан дар ҷоҳилӣ доноии мост,
Ватан дар бесариҳо сарпарастист,
Ватан дар кӯриҳо биноии мост.
Арўси мо арўси гулузор аст,
Арўсе дар ҳарири обшор аст,
Чароғи лолаҳоро дар гиронед,
Арўси мо арӯси навбаҳор аст.
Агар мо зиндагиро ногузирем,
Зи бими марги худ то чанд мирем?
Ало ёрон, ба тарзе зист бояд,
Ки қасди хештан аз марг гирем.
Иҷозат деҳ, ба паҳлўят нишинам,
Гуле аз гулшани рўят бичинам,
Азоби навҷудоӣ гар чунин буд,
Иҷозат деҳ, дигар онро набинам.
Ба зери осмони пур зи ахтар
Басе некў бубинему басе шар,
Якеро зиндаи бадтар зи мурда,
Якеро мурдаи аз зинда беҳтар.
Ҷудоӣ ранҷи беандоза дорад,
Ҷудоӣ сад хумори тоза дорад,
Ало ёрон, дари дидоратон кў?
Ҷудоӣ сад дару дарвоза дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё