Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шабе бо ёди борон менишастам,
Ба ёди навбаҳорон менишастам,
Гули рўи туро то об монам,
Ба ёди бӯсаборон менишастам.

Маро бо сўзи ман пайванд карданд,
Маро бо дарди ман побанд карданд,
Ба ҷои Ганҷи Бодовард1 умре
Маро бо ранҷи ман хурсанд карданд.

Аё дарё, аё дарёи ҷўшон,
Парешонам ба сони ту, парешон,
Туро маҳ дар дилу андар дили ман
Чароғи ишқи маҳрўе фурўзон.

Дило, эҷоду эъҷозат муборак,
Ки ман ин ҷою ту дар ГЭС – и Норак,
Ту ҳам аз дур умре медурахшӣ
Қатори он чароғони қаторак.

Ҷавонмардо, ҷавонмардо, ҷавонмард,
Мабодо бинамат ҳамранги бедард,
Мабодо бинамат ҳамсанги бесанг,
Мабодо бинамат ҳамтанги номард.

Варо ман кобаму ёбад дигар кас,
Варо ман ёбаму кобад дигар кас,
Ду ошиқ садди роҳи якдигар шуд,
Ки дар оғўши ў хобад дигар кас.

Расорас омадӣ чун бод он шаб,
Ба сони додрас бар дод он шаб,
Шабони дигарамро шаб нагўям,
Ки умре мерасад бар ёд он шаб.

1 Номи яке аз ганҷҳои Хусрави Парвез, ки муфт омадааст.

пешина
аз 264
навбатӣ