МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ту бошию ману моҳу ситора,
Ба рўи ҳамдигар бошад назора,
Ту бошию ману аз дидаи мо
Бирезад обшорони шарора.
Гилеро аз дили ман офариданд,
Дилеро аз гили ман офариданд,
Ғамам бисёр дода беғамиҳо
Манеро қотили ман офариданд.
Гулафшону гулафшону гулафшон,
Чу барги гул хаёли ман парешон,
Ки гулбарги табассумҳо якояк
Парида аз лабони гулфурўшон.
Яке хушдил, агар пул мешуморад,
Яке ғам мехўрад, ки пул надорад,
Яке аз кампулӣ дорад фароғат,
Якеро ҳирси пул дарди сар орад.
Дар ин ҷангал фақат сайёд монда,
Зи боди раҳгузар фарёд монда,
Ало мурғон, чӣ гуна пар кашидед,
Ки парҳои шумо бар бод монда?
Бадар ояд зи сўзи сина оҳам,
Ки ман дилбастаи чашми сиёҳам,
Набудам гарчи дар майдони ҷанге,
Валекин захмии тири нигоҳам.
Ба рози тозае мебош ҳамроз,
Ба сози тозае мебош ҳамсоз,
Куҳанғамро зи сўзи тоза сўзон,
Ба таъмири ҷаҳони дил бипардоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё