Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биё дӯшабасар1 дар ширмаҳтоб,
Бишин рўи шибар дар ширмаҳтоб,
Ки аз банди дили ҳамранги шират
Парад ҳушам зи сар дар ширмаҳтоб.

Шабе шаббодаи шаббў гузар кард,
Шабе гулбодаи ҳулбў гузар кард,
Шамоле омада аз хам – хами кўҳ
Шабе аз хам – хами гесў гузар кард.

Басе дар зиндагӣ тундему тезем,
Басе дар зиндагӣ бо ҳам ситезем,
Басе дар зиндагӣ ҷўем ҳамро,
Басе дар зиндагӣ аз ҳам гурезем.

Маро Сайёрае овора карда,
Маро овораи сайёра карда,
Маро сўзонда дар арши муҳаббат,
Маро чун наҷми паррон пора карда.

Натобад з-осмон имшаб ситора,
Напошад ахтаре имшаб шарора,
Ки он исторагарми гўшаи бом
Ба ман мисли ситора – дар назора.

Нарафта номи мо аз рўи харсанг,
Зи лавҳи тармаҳои дарраи танг,
Нашуста боду борон пайраҳи мо –
Миёни мову ту – фарсанг, фарсанг.

Варо покўбу дастафшон надидам,
Ки дар байни хазонрӯбон надидам,
Ба худ гуфтам: чӣ бад кардам, ки бад дид,
Хубие з-он маҳи хубон надидам.

1 Дӯша – зарфи ширдӯшӣ; соғу.

пешина
аз 264
навбатӣ