МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дили ман об аз барқи нигоҳат,
Дили ман доғ аз рўи чу моҳат,
Манам абру туйӣ моҳи дуҳафта,
Шабонгоҳон бигирам пеши роҳат.
Замоне буду будам ошиқи ғош,
Миёни мардумон дар ошиқӣ фош,
Маломат буду нафрину накўҳиш
Барои ошиқӣ аз ёр подош.
Навиштам рўи санги соҳиле ман:
«Дили ман, оқили ман, ҷоҳили ман,
Ало, эй киштии тўфонрасида,
Ало, гумкардароҳи манзили ман».
Бихоҳам гулхани чўпон шавам ман,
Гаҳе хомўшу гаҳ рахшон шавам ман,
Шабонгоҳон лаби бомат нишинӣ,
Ба чашмат ахтари тобон шавам ман.
Ҷавонӣ фошу пинҳон меравад тез,
Чу хуршеди зимистон меравад тез,
Аз ин паҳнои пурармон, дареғо,
Саманди рӯзгорон меравад тез.
Зи дасти мард номардӣ наояд,
Ба номи мард номардӣ нашояд,
Гиреҳи ҷумлаи номардиҳоро
Ҳамора нохуни мардӣ кушояд.
Дило, ғофил машав аз кори дунё,
Ба чашми сар бубин асрори дунё,
Басо гарданфарозонро бизоат
Набуд ҷуз ҳалқае аз дори дунё.
Диле оташ, диле дарёи пурҷўш,
Диле чун кўҳ ботамкину хомўш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё