Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бахт ёри мо шуду ў ёри ман, ман ёри ў,
Шаб ҳама шаб нур гирад дида аз дидори ў.

Якравияш ҳамчу рўду саркашияш ҳамчу кўҳ,
Чашмаҳо резанд акси синаи саршори ў.

Нақш баста теғаҳо дар куртаҳои атласаш,
Дар сари ҳар теға механдад маҳи рухсори ў.

Бофад аз тору пуди хуршеду борони баҳор
Рағзаи рангинкамонро панҷаи гулкори ў.

Мегурезад аз ману механдадам аз дуртар,
Кабки сармасти дариро монад ин рафтори ў.

Он қадар чархак задам бар гирди девору дараш,
Гирдбодам метавон гуфтан ва ё паргори ў.

Меравад доманкашону панҷаам хори гул аст,
Чанг мехоҳам задан аз домани гулзори ў.

Шабравиҳои ману маҳтобро, Доро, мапурс,
Кош афтад чашми ман бар дидаи бедори ў.


Меорадам ба илҳон оҳанги нойи чўпон,
Бо савти обшорон акси садойи чўпон.

Чун гулханаш фурўзад, домони шаб бисўзад,
Истора дида дўзад бар шўълаҳойи чўпон.

Худ мебарад назорат дар теға босалобат,
Дорад рама итоат бар ҳой-ҳойи чўпон.

Маҳтоб гар барояд, банди дилаш кушояд,
Ҳусни дара физояд шаб аз баройи чўпон.

Оҳугала рамида, заргўшҳо ҷаҳида,
Кабки дарӣ парида аз пеши пойи чўпон.

Меҳраш ки дар замирам, касбаш ки мепазирам,
Ҳамроҳу дастгирам бошад асойи чўпон.

пешина
аз 264
навбатӣ