МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Аз хоб дида бикшо, субҳ асту резаборон,
Бишнав шикояти мо аз савти обшорон.
То кай надонӣ шабро чун бе ту рўз кардем,
Аз ахтари саҳар пурс аҳволи беқаророн.
Ё ранги зарди моро аз рўи моҳ мебин,
Ё акси моҳи якка аз чашми интизорон.
Доманкашон равонӣ, бўи хуше фишонӣ,
Оё гузорат афтод аз байни зиразорон?
Эй ошнои соҳил, то кай зи мо набинӣ
Чун мавҷ печутобе аз шавқи бўсаборон?
Дар дил ғаме надорӣ, кай донӣ қадри шодӣ,
Гулро ба ханда бинӣ бе гиряҳои борон.
Дар шўри навҷудоӣ аз дафтари ҷавонӣ Байте бихон пур аз шўр аз ашки шўри ёрон.
Шўхчашму ишвасозу кокулафшон гаштайӣ,
Дар дили мо сарвари ошўбу исён гаштайӣ.
Ғунча будӣ аз ҳаё бо бахяҳои пираҳан,
Навгули навбова бо чоки гиребон гаштайӣ.
Эй ки аз як бўсаи дуздӣ ҳаросон мешудӣ,
Ташнакоми бўсаборони шабистон гаштайӣ.
Дар агар мегуфтамат, девор мепиндоштӣ,
Ҳолиё донандаи асрори кайҳон гаштайӣ.
Барнамеомад зи ту бар сад суолам як ҷавоб,
Хушдаму хушлаҳҷаву гапфаҳму гапдон гаштайӣ.
Ханда мерезад ба ёла, ханда мехезад зи ёла,
Кабки сармасти хушилҳону хиромон гаштайӣ.
Куртаат гулдўзиву девони Саъдӣ дар барат,
Дӣ ба ҳукми ғунчаву акнун гулистон гаштайӣ.
Месазад Доро дилу ҷонро фидо созад ба ту,
К-аз ҳама саҳву хатоҳоят пушаймон гаштайӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё