МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар олами Худо ҳама сомони зоду буд
Бар кеҳтарону меҳтарон яксон муқаддар аст.
Эй бандаи Худо,
раҳи раҳбоният бисоз,
Пои ҳавас дигар манеҳ бар раҳгузори оз!
Тамъе туро зи ҷон гар аз ҷонофарин бувад,
Дигар ба ҷони ҷонваре дасти тамаъ маёз!
Эй бодгар, ки ҳосилат барбод додаанд,
Бархезу хоки муфтбар чун коҳрӯба без!
Ҳаққи ҳалоли худ ситон аз чоши ҳасту буд,
Ҳар кас кушуд домане,
кафсан зи каф бирез!
Баҳри худо, ба ҳашр эй тороҷдида хез, К-ин растахез парварад расми мусодара!
Бо худ манол дигару бистон маноли худ Аз чанги кажтарозуву кажбоз яксара!
Эй бар худӣ худойгон, бархез бар қиём!
К-ин бандагист нораво бар оли ковиён!
Бистез бо ситези даврони пурситез,
Дар инқилоби тозаи ойини ориён!
ҒАЗАЛВОРАҲО
Ман бастачашм будаму дастам ба дасти маст,
Гумроҳ раҳбалад буду роҳам баланду паст.
Аз остони асли худ дар ғояти гурез
Ҳафтодсола роҳро тай кардаам ба шаст.
Маҳбуси хона будаам, з-он пас ки зўрманд
Дарҳои худшиносиро бар рўи ман бубаст.
Шарманда аз ниёяму аз оли ориё,
К-оташ бизад кутубро даврони “навпараст”.
То аҳли Порс нашнавад изҳори ҳамзабон,
Миқрози давр лоҷарам нўги забон бихаст.
Ман аз Худо рамидаму аз ман худӣ рамид,
Ҳаққо, баҳима будаам ҷавмасту ҷилвамаст.
Азбаски фарди миллати ҷонсахт будаам,
Нашкаст рўҳи саркашам бо ин ҳама шикаст.
Таъмири асл кардаму созу ниҳоди насл,
То буду боди хешро боз оварам ба даст.
Ҳамди Худо, ки бо ҳама яғмои кўчиён
Дар мулки Дориюш манам Дорои буду ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё