Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Борбад гар аз раҳи хунёгарӣ пайғамбар аст,
Рўдакӣ бо чомаи лафзи дарӣ пайғамбар аст,
Кеши фазлу мазҳаби фарҳангии тоҷикро
Монии аллома бо наққошиву суратгарӣ пайғамбар аст.

МАЗДАК

Ҳамегуфт, ҳар к-ў тавонгар бувад,
Тиҳидаст бо ў баробар бувад.
Ф и р д а в с ӣ

То бандагони бастадил бар Жанд будаем,
Побастагони ҳалқаи бас фанд будаем.
Дандони гурги нокасӣ афшурдамон гулў,
З-ин бешазори гурграв гўсанд будаем.

Ҳарчанд дар умури ҳақ тадбир будааст,
Густохие ба хотири тазвир будааст.
Дар сарнавишти мо хато з-он буд, ки дар азал
Ҳарфи Худоро бас ғалат тафсир будааст.

Амре набуда аз Худо, к-ин як тавонгар аст,
В-он дигаре ба гарзишу1 дарюза2 мубтало.
Яздон нагуфта боядо пурхора ин яке,
К-аз заъфи гушнагӣ кашад он дигаре ҷафо.

Эзид нахонда, к-ин яке бояд ба лаб кашад
Ҳар шаб сабўи тозаи оғўши дилбаре.
В-он дигарест дар канор андар канори зан,
Бе симбар бимонад аз бесиму безарӣ.

Шоҳу гадо ба дидаи Яздон баробар аст,
Халқи Худо ба ҳамдигар ёру бародар аст.

1 Гарзиш – додхоҳӣ, зорӣ.
2 Дарюза - гадойӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ