Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар даревоси1 ҳама дарвозаи Машриқзамин
Хўсавори сар ба зер овехта.

Маслаке шуд боз бидъат,
Мазҳабе шуд боз бадном.
Тоблўи нақшбанди ойине
Шуд сутурда аз дару девори айём.
Кушта шуд Монӣ чу бадром2,
Ёфт як пайғамбарӣ бо марги пойогеш3 фарҷом.

Монии тақдир аммо ҳеҷ пирўзӣ надид,
Бо ситезу интиқому кину офанд,
Гарчи Мониро сияҳнома кашид,
Шамсаҳояшро парешиду кутубашро дарид.
Баски Монӣ монд чун пироябанди рўзгор
Дар сутуни кохи ҳасти ориё,
Шоҳкори ўй балки баст нақши пойдор
Дар намоишгоҳи дилҳо.

Эй басо нақши хирад аз килки тасвираш бимонд,
Тоҷиконро монавитабъӣ зи тадбираш бимонд,
Нуктасанҷӣ, мўшикофӣ бас зи таҳрираш бимонд.

Балки ранги нақши Монӣ то кунун
Рангҷўши ҷумлаи оройиш аст,
Жанги Монӣ мазҳари пиройиш аст.

Балки Монӣ буда худ чун Борбад
Дар гузори рушди эҷод,
Маърази бунёди тоҷик.
Балки Монӣ буда ҳамчун Рўдакӣ
Рўдбори завқи саршор,
Чашмаи покизаи сарводи тоҷик.

1 Даревос – чорчӯбуи дар.
2 Бадром – саркаш, нофармон, якрав.
3 Пойогеш – аз по овехтан. Марги пойогеш – марги ногузир.

пешина
аз 264
навбатӣ