МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Не ба тороҷу фареш,
Не ба тиру не ба шамшер,
Не ба тазвир,
Не ба таҳқир)
Кохи кеши ваҳдате бунён бувад,
Мазҳабе сарриштаи пайванди носозон бувад.
Эзаде бар эзаде н-орад шаке,
Маслаке набвад адуи маслаке.
Монии наққош омад ҳамчу дилсўз
Аз пайи эҳдоси даврон,
Чун яке тақдиргардон.
То зи сунъи килки ў шуд Монии тақдир мот,
Рашки ў омад аз ин зот.
Суннати Монӣ наорад то ба шаъни ў газанд.
Дигараш дар расм нофармон кашид,
Ҳамбару ҳамгунаи деви нажанд,
Зодаи оҳарману шайтон кашид.
Хасми ойини насоро,
Хоркори дини Буддо,
Кинаҷўи кеши Ҳурмузд,
Бадсиголи мазҳаби Зарвон кашид.
Дигараш бингошт бас ваҳшатфизо,
Чун фажогин1 дар фарочанги сазо,
Чун бадойин дархури марги фаҷо2,
Бадкуниште, к-аз бадомўзӣ бигардад рўсиёҳ,
Бадсириште, к-аз гунаҳкорист ҳоли ў табоҳ.
Дигараш бингошт ҳамчун сарбузурги
ойини омехта
Дар уқубатборае бо обрўи рехта,
Куштаву фархаставу огандаи каҳ зери пўст,
1 Фажогин – палид, зишт; чиркин.
2 Марги фаҷо – марги муфоҷот, марги ногаҳонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё