МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бо даҳову бо закову нури фарҳанг.
Бо китобе хушхату хушбасту хушранг,
Бас вашивор1 аз сувар бо номи Аржанг.
Монии тақдир Мониро зи шавқ
Нақш бинмуд он қадар ранги ба ранг,
К-аз худоёни ҳама ойин рабуд
Нобаюсон2 ҳушу ақлу рою ҳанг.
То худоён волаи сурат шуданд,
Маҳви ин ойинаи талъат шуданд.
То аз ў пайғамбарӣ дархостанд,
Мазҳаби суратгарӣ дархостанд.
Монии наққош омад бо ҳазорон тоблў
Бар ҷаҳон ҳамчун ҷаҳони рангу бў.
Чун яке таҷдидгар бо рангбаст,
То зи берангӣ раҳонад боргоҳи буду ҳаст.
То дигар бо ҷилваи ранги ҳадис
Хонаи афкори мардумро кунад фархордес3.
Монии наққош омад ҳамчу дилёб,
Меҳркору меҳрсозу меҳройин
Бо умеди оштии ҷумлаи дин.
Монии наққош омад душманиро ҳамчу душман, Кинатўзи тўҳмату пархошу кин Байни ҳар аслу насаб, Байни ҳар ойину мазҳаб.
Монии наққош омад ҳамчу фарзон,
То ба нерўи хирад
(Не ба пайкори кушиш,
1 Вашивор – пурнақшу нигор.
2 Нобаюсон – ногаҳ; якбора.
3 Фархордес – монанди бутхона, бисёр ороста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё