Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чархи фалак чун гирд гашт,
Рўзе паёме вирд гашт.
Дигар сало, дигар садо
Бар мардумони ориё:
К-эй бардагон!
В-эй бандагон!
Зарвонатон бодо нагун,
Зарвонатон бодо забун
Бо теғу гурзи ҳафтҷўш,
Бо ханҷари заҳробгун!
З-ин пас дар ин дайри дудар
Имон ба Аллоҳ оваред,
Чун мустаъонаш парваред!
Дар кибриё ӯ беназир,
Дар гунбади воло кабир!

Ҳаққо каёгин1 шуд геҳон2
Бар мазҳаби зарвониён,
Зарвон – худованди замон,
Зарвон – ҷигарбанди каён
Аз хештан бегона шуд,
Бархост гўӣ бумаҳан3,
Кавни худо вайрона шуд.
Зарвон – худованди макон
Вожуна шуд,
Бехона шуд.
Бевора4 шуд,
Бечора шуд.
Озурда шуд аз хубу зишт,
Аз карду кори сарнавишт,
Баски худои хешро
Аз доми берўӣ наҳишт.

1 Каёгин – мухолиф, номуносиб.
2 Геҳон – кайҳон, ҷаҳон; дунё.
3 Бумаҳан – заминҷунбӣ, зилзила.
4 Бевора – бекас, ғариб; беқадр.
МОНӢ

Ба суратгарӣ гуфт, пайғамбарам,
Зи диноварони ҷаҳон бартарам.
Ф и р д а в с ӣ

Нақши Монӣ бас нигорин тофт аввал
Дар нигористани наққоши азал
Бо ҳазорон обу ранги бебадал.

Монии тақдир нақши чеҳри Мониро яке
Кард рангин дар ҳарими нуриён
Ҳамчу нақши нақшпиро,
Хушнависи сарнавишти ориё,
Нақшбанде бо ҳама тоби ҳунар
Дар дижи зангорхӯрди қисмати аҳли башар.

Расми Монӣ тофт андар тоблўи чархи мино
Бас шигарфу бас дилоро,
Жангосо то бувад зеби шабистони Худо.
Тофт Монӣ ҳамрави рўди дамоҳанҷ1.
Ҳамдами боди сабову ҳамбари гулҷўши саҳро.
Оҳувоне аз қафои ў давон,
Кафтароне пеш-пешаш парфишон,
Хаймаи Монист аз суфи сапеда,
Пойбарҷо бо пағози обшорони баланд,
Равзанашро чашмасорон шишабанд.
Маҳ дар он тобад чароғи хирасўз,
Ашкрезон чашми шамъи ахтари рўз.

Монии тақдир Мониро зи меҳр
Фарраҳӣ бахшиду афранг2

1 Дамоҳанҷ – хурӯшон, ҷӯшон.
2 Афранг – фарр, шукӯҳ, зебойӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ