Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лек оташ худ агар медошт мазҳаб
Мазҳабаш одампарастӣ буд дар рўи замин.
Лек оташро агар будӣ насаб,
Будаӣ аз оли моҳи бумии чархи барин,
В-аз табори иқди Парвин.

Лек оташро агар буд миллате,
Будайӣ бе ҳеҷ тардид
Миллати хуршедҳуш, хуршедфом,
Миллати бунёдсози озаройин.

ЗАРВОН

Нигаҳ кун бад-ин гумбади тезгард,
Ки дармон аз ўясту з-ўяст дард.
Ф и р д а в с ӣ

І
Бигзашт бас давру замон
Бо нузҳати зардуштиён.
Омад нидое аз қазо
Бар кеҳу меҳи ориё:
Эй бардагон!
Эй бандагон!
Эй осиёни жандхон!
Эй бастагони бехабар
Дар банди занҷири замон!
Вомондагони бебасар
Дар ҳалқаи кавну макон!
Зарвон – худо,
Зарвон худост!
Зарвон худованди шумост!
Зарвон – замони ҷовидон,
Зарвон – макони ҷовидон!
Зарвон худои аслҳост,
Парвардигори наслҳост.
Зарвон худои ибтидо,
Оинадори интиҳост.

Зарвон худои ҳақвар аст,
Дар олами дил довар аст.
Кайҳон ба ҷонаш пайкар аст,
Кайвон ба чашмаш гавҳар аст.

Зарвон - худои марзу бум,
Додори амну уштулум,
Ҳурмуз варо фарзанди нек,
Оҳарманаш – фарзанди шум.

Зарвон бигўяд: ҳон, ҳон,
Менупарасти ломакон!
Ин ояи моро бидон:
Аввал ҳаюло,
Баъд ҷон.
Буду набуд аз модат аст,
Асли вуҷуд аз модат аст,
Кулли намуд аз модат аст.

Зарвон нахи некӣ биришт,
Моро зи чанги охират
В-аз бими рўзи дод ҳишт.
Гуфто, ки нест олам дигар
Ҷуз ин бувиш, ҷуз ин сиришт.
Гуфто, ки ғайри сарнавишт
Не дўзах асту не биҳишт.
Гуфто: дар ин дунё ҳама
Ҷав бидравад, гар ҷав бикишт.

ІІ
Бигзашт бас даву замон
Бо наҳзати зарвониён.

пешина
аз 264
навбатӣ