МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бахши дигар з-оташи Парвардигор
Дар само барқ асту гарми гирудор.
Оби раҳмат то аз он ояд бадар,
Аз аташ гардад раҳо аҳли башар.
То гиёҳи мижжаи чашми замин
Сабзгун аз сурмаи борон бувад,
Ҷӯшхӯрд аз ҷўши ранги лолазорон.
Ранги гулзорон битобад то зи рўи гулузорон.
Бахши сонӣ маҳзари нури Худост
Дар замин андар чароғи хонадон,
Дар фурўғи гулхани рақсони чўпон,
Дар дурахши машъали базми арўсон,
Дар алоби оштони синаҳои ошиқон,
Дар дилошўбии ҷўши оташи зан,
Дар дилафрўзии оташбарги чашмон,
Дар сувайдошўиву сўзандагии оташи мул,
Дар диловезии барги шўълаи гул.
Дасти оташ баски чун дасти дуо
Сўи даргоҳи Худост,
Баски шўъла бо забона чун забони илтиҷост,
Рў ба сўи кўи Яздон
Ориёиро муҷассам аз ситоиш будааст,
Нақшперои ниёиш будааст.
Оташ умре муқтазии дилфурўзӣ будааст,
Покии оташ барои покбозӣ будааст,
Покбозӣ раҳнамои поксўзӣ будааст.
Суннати оташпарастӣ офарид
Миллати оташзабон,
Оташнавову оташинчеҳр.
Миллате, к-андар шабистони қурун
Дар радифи оташи Зардушту Меҳр
Оташи фазлу хирад афрўхтӣ,
То бад-он чашми басират дўхтӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё