Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо дасти ў даричаи дўзах бишуд яла,
Дардо, ки будаи маро нобуда мекунад.

Гўяд: куҷост Ҳурмузу раҳми худоияш,
То аз гулўфишории инсам раҳо кунад?
Некўиям ба одамӣ оё расида бад?
Варна чаро ба ҷонам ин ҷабру ҷафо кунад?

Дар танги кўҳ эзади тороҷдидае
Печидаи сукунати пур аз ғиревҳост,
Дар хорзори мижжааш як оштон алов,
“Дар панҷаҳои сўхтааш машъали дуъост”.

ОТАШ

“... Бино бар ақидаи ориё ... ҳарорат ё нур мояи зиндагӣ аст ва он дар се сурат ва дар се ҷо падид мешавад: яке бар замин ба сурати оташ, ки дар санскрит “агнӣ” гуфта мешавад ва дигар миёни замину осмон, ки иллати борон мегардад ва савум дар баландии осмон, ки ба сурати хуршед аст. Ориёӣ ҳар серо мепарастид”.
Меҳрин, муваррихи иронӣ

Аз азал испедаи рўз
Бозтоб аст аз сафои чашми Ҳурмуз.
Аз нахи нури нигоҳи офаридгори накўист
Тору пуди офтоби оламафрўз.
Нақш баста гавҳари чашмони эзад
Дар нигини мардуми чашмони мардум.
Гирд гашта гунбади даввори гардун
Андаруни дидаи гардони мардум.
То ҳақоиқро гузинад одамӣ,
Аслро аз нур бинад одамӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ