МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ва ин шеърест, ки ба рўи сафҳаи даврон чун ашки шашқатор дар шарҳи ҳоли Хаома аз нўги мижгони хома чакида:
Бо панҷаҳои шахшуда дар панҷаҳои шах
Хонад дуои ҷони худ яздони бешазор.
Баски ба беша чингаву чўбе намондааст,
Дар хорзори ҳасрате мондаст хору зор.
Занбӯри баргсўзани бебаргиаш дигар
Неши дареғ мезанад бар панҷаҳои пош,
Метарсад аз табиати шайтонии башар,
Баски расида бар танаш теғи басе харош.
Имрўз мўйкандаест аз чанги сарнавишт
Бо ёди фарри эзадӣ дар аҳди Зардуҳишт,
Сарсабз буда як замон азбас ба чор фасл,
Пидром буда баски бо пирояи биҳишт.
Аз шираи вуҷуди ў эй бас чу шири мом
Обои ориёиро нўшоба нўша кард.
Рухсори аҳли Порсро бас аз таги паном1.
Ҳангоми ҷўши оташи Зардушт ҷўша кард.
Аммо зи арҷи ў дигар ному нишона нест,
К-одамгарӣ ба бандаи Яздон намондааст.
Дар покмарзи ориё аз покбозиҳо
Гўӣ касе ба гўши кас оят нахондааст.
Гўяд ба хеш: ақлро дуздида Аҳриман,
К-одам ҳавои тозаро олуда мекунад,
1 Паном – порчаест, ки зардуштиён гоҳи ибодат ва хондани Авесто, Жанду Позанд ба рӯи хеш мекашанд, то оташ аз нафас макрӯҳ нагардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё