Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Талх ширинро муайян мекунад,
Кўҳна наввиро музайян мекунад.
Ҷоҳилӣ соҳибиёри оқилист,
Коҳилӣ зўрозмои қобилист.
Нест бе пастӣ баландие аён,
Сахткўшӣ ёбад аз сустӣ нишон.
Нурро зулмат биафзояд ҷило,
Софро олудагӣ бахшад намо.
Нохуне гар дар гиреҳи мушкилест,
Дар кашокаш аз кушойиш ҳосилест.
Пас бидон, эй хокии яздоншикор,
Нест бе барбод бунён устувор,
Бе тазоде нест эътои намуд,
Нест бе аздод эҳёи вуҷуд.
Нест бе ғайбе мақомоти ҳузур,
Нест бе макре каромоти зуҳур.
Нест беайбӣ яке бе айби ман,
Нест Ҳурмуз, гар набошам Аҳриман!
ХАОМА

Дар панҷаҳои сўхтааш машъали дуъост.
Нодирпур

Хома. Ин гиёҳи муқаддас дар бостонитарин шоҳасари ориё – “Ригвед” бо номи Сома ва дар пурбаҳотарин ёдгори онон – “Авесто” бо номи Хаома ва дар кутуби паҳлавӣ Аҳома ё Ҳуми сапед номбар шуда. Обои ориё варо чун эзади “толлоичашм” сутуда ва басо чун худовандгори ҷанговарон, фурўдорандаи борон ва офаридгори файзи рўзгорон рўи ниёз ба он оварда. Ва дар Ясно омада, ки Виваҳвант нахустин шахсест, ки варо биафшурд ва нўшобае чун аз он биошомид, анўша ва пирўз гардид ва аз ў Йима (Ҷамшед) ба дунё омад... ва чаҳорумин шахсе, ки аз эҳсони Хаома баҳравар шуд, Пурушасп – падари Зардушт буда. Ва Хаома ба назди Зардушт омада ва пайғоме аз сахову эъҷози худ оварда, то пайғамбари нахустин дар посухи хеш ба ў фармуда:
“Меситоям ҳар он меғу ҳар он боронро, ки дар ситеғи кўҳсорон нумў ва намое ба пайкари ту бахшида, меситоям фарози ҳар он кўҳи сарбаландро, ки ту дар канори он сар ба авҷ кашидаӣ, эй Хаома! Меситоям ҳар он марзи фарохо ва ҳар он паҳнои ҷовидона босахоро, ки пойгоҳи ту буда, Ай Хаомаи порсо! Меситоям покмарзеро, ки дар он ту ба авҷ рустаӣ, эй гиёҳи атромез ва диловези Маздо! Ва эй Хаома, ... оёти маро ба ҷумлаи реша, ҷумлаи шоха, ҷумлаи навдаи хештан ҳидоят намо”.
Ва Зардушт бо дастҷамъи чунин назариёт дар покдошти обу хоку оташу бод ва ҳифзи ҷамеъи наботу ҷамод ва таюру вуҳуш чун бузургтарин мутафаккир ва саромади фалсафаи ашё зуҳур карда.
Хаома, ки Зардушт онро суруда ва хосияти дармонбахшои онро сутуда ва муқаддасоти онро кашфу беҳдошти онро таъкид намуда, ин ҳамон Хома ё Хума дар Зарафшон ва ҳамон Ҳима ва ё Ҳамоҷак дар Бадахшон аст, ки имрўз дар асари баднафсӣ, носипосӣ, нобихрадии инсон ба девбоди яғмо печида ва ба чанголи фано афтида.

пешина
аз 264
навбатӣ