Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АҲРИМАН

Бипўед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,
Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст.
Фирдавсӣ

Эй ки хониям худои бадсиришт,
Кирдигори ҷумлаи кирдори зишт,
Вожаамро як замон медор гўш:
Дар набуди неш набвад буди нўш.
Ҳар куҷо гар раҳмати раҳмонияст,
Дар радифаш ҳиллати шайтонияст.
То бувад оин-ш, дорад душманӣ
Неки Маздо бо бади аҳриманӣ.
Бе бадӣ некӣ надорад мояе,
Хайрро бе шар набошад пояе.
Фитна гар дорад мақоми доварӣ,
Хештанро мешиносад ёварӣ.
Зарраро аз худ гурезонад ситез,
Бозгашташ то бубахшояд гурез.
Ҳар куҷо нобуд охир буд шавад,
Буд охир ҳар куҷо нобуд шавад.
Мавт яксон раҳ кушояд бар бувиш,
Зиндагиро марг афзояд равиш.
Беғамиро имтиёзе аз ғам аст,
Бекамиро баргу созе аз кам аст.
Ханда аз гиря таҷалло ёфта,
Завқ аз безавқӣ маъво ёфта.
Бас бувад бедардро устоз дард,
Бас бувад номардро худсоз мард.
Хашм таскинро бувад ойинадор,
Рашк тамкинро намояд кардакор.
Ишқ аз фарти ҷунун пурэҳтирос,
Сабрро дилбеқарорӣ рўшинос.
Нафсро бетоқатӣ дод иштиҳо,
То қаноатро кунад саброзмо.

пешина
аз 264
навбатӣ