МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Зан Худои исмат асту ман Худои исмати зан,
Зан Худои қисмат асту ман Худои қисмати зан.
Пойгоҳамро баландии мақом
Аз баландии мақоми зан бувад,
Боргоҳамро сутуни эҳтимом
Зарнигор аз эҳтимоми зан бувад.
Зан агар афтад ба доми иштибоҳ,
Зан агар печад ба гирдоби гуноҳ,
Зан агар ногоҳ гардад рўсиёҳ,
Ин ҳама аз фитнаи аҳриманист,
Ин ҳама дар роҳи дилҳо раҳзанист.
Гужми зан не, балки номардӣ кунад бадном занро,
Гармрўӣ неву дилсардӣ кунад ноком занро,
Дардмандӣ неву бедардӣ кунад н-ором занро,
Гар занеро дарду ғам шуд дўшбор
Дӯшбораш кўлабори ман бувад,
Гар занеро бодлохи ғажди номардӣ кашид,
Пои манро аз фарозиҳо кашад.
Гар занеро оташи ҳасрат бисўзонд,
Дасти оташ чанги ҳасрат бар гиребонам занад.
Гар палиде оби чашму оби рўи зан бирезонд,
Обрўи одамият,
Обрўи ойину мазҳаб бирезад.
Гар хати ишқи шарарпоши занеро
Бадсиголе хат занад аз дафтари дил,
Рўи хатти зарҳалии офтоби рўзгор
Ранги зулмат аз давоти шаб бирезад.
Баски зан худ офтоби зиндагист,
Бо тулўъи офтоби рўи зан
Рўи дашти бекарони осмонҳо
Офтоби зиндагии ман бувад раҳвори покўб.
Бо ғуруби офтоби рўи зан
Офтоби эзидии ман кунад майли ғуруб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё