МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Эзиди борону жола,
Пайкарашро сохтам пуробу тоб,
Дар нигоҳи ташна ҳамчун чашмаоб.
Ман бубахшидам ба ў ҳусни ҳаё,
Ҳусни паймону вафо.
Пок кардам аз пасоби реву найрангу риё
Шири пистони варо,
Мабдаи ҷони варо,
Рўдбори хайру эҳсони варо.
Зеб додам ишқи оташбори занро
Бо фурўғи Озаройин,
Озари нўш,
Озари Зардушту Меҳр,
Озари Хурдоду Барзин1.
Ман варо пиростам бо шаддаи марҷони гул,
Бо нигини гавҳари чашмони булбул,
Бо дурахши шабнами гесўи сунбул,
Бо сафои обшори банди кокул,
Зеби гарданбанди сулсул.
Ман варо оростам бо ҳусни вожа,
Паҳрадоре будамаш аз ҳарфи жожа,
Посбоне аз ситеза.
Аз гавожа.
Ман варо бар тахти менўӣ нишондам,
Ман варо аз доми берўӣ раҳондам,
Ман пасечидам бар ў фарру шукўҳи зиндагӣ,
Ман варо озод кардам аз сутўҳи бандагӣ.
Зан Худои суннат асту ман Худои суннати зан,
Зан Худои нузҳат асту ман Худои нузҳати зан,
1 Номи оташкадаҳо дар Эрони қадим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё