МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Фурў ҳиштам сару чанде нажанду зор бигристам,
Ба-дин гуфтор бигристам:
Дареғо, нониюшоям дигар ман бо ҳазорон гўш,
Дареғо, ноҳушеворам дигар ман бо ҳазорон ҳуш,
Дигар ман бо ҳазорон дида хоҳам буд нобино,
Дигар ман нотавонам бо ҳазорон ханҷари бурро.
Ки дар байни худову бандагон номаҳрамӣ будааст,
Ба майли худ Худо пиндоштан худро камӣ будаст.
Дигар лофи худоӣ чун тавонам зад, ки дар олам
Зафарманди зафарҳои худоён оламӣ будаст,
Худованди худоии худоён одамӣ будаст.
АНОҲИТИЁ
Худои рўйиш асту зойиш асту ишқ асту оройиш.
Эҳсони Табарӣ
Кирдигорам,
Кирдигори шармҳои духтарона,
Нозҳои дилбарона,
Сўзҳову созҳои ошиқона,
Розҳои шоирона.
Кирдигорам,
Кирдигори рўи зебо,
Чашми шаҳло,
Сарви боло.
Ман матои ҳусни занро
Бофтам дар дуки Ҳурмузд
Аз нахи абрешимини моҳтоб,
Тору пуди офтоб.
Баски будам эзиди об,
1 Пахсидан – пажмурдан, афсурдан; гуволиш наёфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё