МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ба сайри даштҳои бекарон мебурд.
Раҳораҳ мегушудам уқдаҳои доми зулматро,
Заминро чун кабўтар то яке озод мекардам,
Бариятро ба рўзи нав муборакбод мекардам.
Ба ҳар як корварзу пешавар имдод мекардам.
Маро зўри худовандӣ зи кеши покмардӣ буд,
Чу гармӣ гармрав бар ҷанги сардӣ буд.
Басо овардгаҳ дар холигоҳи осмонам буд,
Басо жупину1 гурзи нуқракўби ахтаронам буд.
Диловар будаму Ҳурмуздро пирўзгар будам,
Саробони ҳама койин,
Сароҳанги башар будам,
Сари аҳли басар будам.
Сарангушти ҳама шохи дарахту панҷаҳои барг
Ба сони панҷаҳои додхоҳи ориёнам дар ниёиш буд,
Забони шўълаҳои оташи оташпарастонам
Чу мавҷи рўдбори пурфиғон гарми ситоиш буд.
Вале бо гардиши гардуни гарданда
Яке вожуна шуд орому осоиш,
Яке чархи замона садди роҳи чархи ҳавдаҷ шуд,
Яке мондӣ таковарҳои зарринёлам аз гардиш,
Ки бо кирдори Оҳарман
Ба марзу буми олам тухмаи патёра2 шуд барчош,
Замин шуд арсаи пархош.
Зи ҳар кўе баромад дузд
Ба ғасби гавҳари некўии Ҳурмузд.
Авесторо бисўзонданд,
Суруду сураҳои Яшту Ясноро бисўзонданд,
Дар он оташ, ки худ парвардаи мо буд,
Якояк пайкари моро бисўзонданд.
Чу кеши дигаре бар ориёӣ ёфт пирўзӣ,
Ҳама некўсиголиям асири носипосӣ шуд,
Ҳама фарру шукўҳам пойбасти ношиносӣ шуд.
Ва ман дар арш пахсидам1,
1 Жупин – найза.
2 Патёра – офат, бало.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё