МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ба роҳи ростойиҳои додор
Худо бодо туро умре нигаҳдор,
Худованди худоёнат мададгор.
Аё ёри худоёни накўкор,
Худо ёрат,
Худо ёрат,
Худо ёр!
МЕҲР
Чунин гуфт Аҳурамазда ба Зардушт: “чун офаридам он солори дашту паҳно – Меҳрро, ҳон, эй аз дудмони Сапитамон, кардамаш ҳамонанди хештан, ки манам Аҳурамазда – барўманду сазовор ба ситойишу ниёйиш” А в е с т о.
Худо будам,
Худои рўшаноиҳо,
Худои нурбахши дидаву дилҳо,
Худои дилшиносӣ,
Рўшиносиҳо,
Ба рағми дилсиёҳӣ,
Рўсиёҳиҳо.
Зи шангарфи1 рухам ҳар субҳдам гарди шафақ мерехт,
Равони пок бо парвезани офоқи чашмонам
Сапеда ордгуна бар замин мебехт.
Фурўзон менамудам чун чароғи осмонҳоро.
Варо африштаи мену ба мехи арш меовехт.
Маро дар ҳавдаҷе заррин
Чаҳор аспи таковар каш-кашон мебурд,
Ба Роҳи Каҳкашон мебурд,
1 Шангарф – санге, ки гарди сурхи қаҳварангаш дар наққошӣ ба кор равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё