Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кавиру хушксоронро кунад шодоб,
Худованди замину осмонҳоро бувад дилёб.

Каси варза биҳиштӣ дар сиришт аст,
Ки яксар киштаҳои лолахезаш
Чу гулбоғи канори лоларўён
Биҳишт асту биҳишт асту биҳишт аст.

Касе, к-ў чорпоёнро кунад бо меҳр парворӣ,
Гушурунро1 диҳад ёрӣ,
Ба дороӣ варо бинам фарохур,
Ба фарру ҷоҳу кеши шаҳриёрӣ.

Касе некўманиш некӣ биёбад,
Наёбад лек бадгавҳар ба ҷуз бад.
Касе, к-ў росткоронро диҳад фанд,
Ба оҳарман бувад, алҳақ, ҷигарбанд.
В-агар орад ба лаб ҳарфи дурўғин,
Бихонаш душмани ҷони Худованд.

Ва эй Зардушт,
Эй марди фарорун2,
Бифармо бандагонамро ниёиш
Ба чор унсур,
Ба чор асли ҳумоюн:
Яке оташ –
Чу бахши озарахши Эзиди пок,
Яке обу яке боду яке хок.
Касе к-ин чор олояд ба мурдор,
Ба нафрини Худо гардад гирифтор.

Ва эй Зардушт,
Эй пинҳонпажуҳи роз,
Аё фарзони худсозу худосоз!

1 Гушурун – рӯҳи чорпоён.
2 Фарорун – пешгӯйикунандаи некӯйӣ, башоратдиҳандаи саодат.

пешина
аз 264
навбатӣ