МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Урдубиҳишту Баҳману Хурдод!
Аё Шаҳривару Исфанд!
Эй Мурдод!
Сапитамзоди1 доъӣ2 боядо андар паноҳи раҳмати эзад, Пас аз ин растагор аз бад, Раҳо аз доми деву дад.
Пас аз ин паҳрадори3 он беҳин бошед, Пас аз ин меҳрбони суннати он покдин бошед, Ки дини ориёиро футўҳи эзадӣ зебад, Шукўҳи мўбадӣ зебад,
Ва меҳроби дили оташпарастонро Фурўғи бихрадӣ зебад.
Ва эй африштагон,
Бошандагони олами мену!
Дари даргоҳ бикшоед,
Варо меъроҷ бахшоед.
Варо аз мансаби пайғамбарӣ огоҳ бинмоед,
Ба ў амри худоиям расонед,
Паёми ошноиям расонед:
Ки эй Зардушт,
Эй некўсиголи дудҳанги хок4,
Худогоҳи фаруҳида5,
Сиришти пок,
Парастори раҳу расми биҳиштӣ,
Сари ойини поки зардуҳиштӣ!
Шунав пайғоми менуӣ, ки бояд
Якояк бандаи Маздо бидонад:
Касе, к-ў ҷуфт ронад,
Дона афшонад,
Касе, к-ў боғ сабзонад,
1 Сапитамзод – ишора ба Зардушт, ки аз хонадони Сапитамон аст.
2 Доъӣ - дуогӯй.
3 Паҳрадор – посдор, муҳофиз.
4 Дудҳанги хок -- киноя аз дунё.
5 Фаруҳида - писандида, мақбул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё