МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ба имдоди Равони пок1
Яке бихрад, яке даррок,
Яке бо ақли бас чолок,
Яке бо фарраҳии Меҳр – гурди шарзаи бебок.
Варо ман офаридам чун раҳойибахш2 поянда,
Ба кеши ростини худ гароянда,
Дари фирдавси ҳастиро
Ба рўи мардуми олам кушоянда,
Авесторо сароянда,
Хирадрову даҳои вижадинонро фазоянда,
Дурўғу реву офанду3 балоҳоро рабоянда.
Варо ман офаридгор офаридам,
Ки бахшад паҳнаҳои ойини моро фарохоӣ,
Муҳибонро диҳад тобу тавоноӣ,
Фурўғогин кунад дилҳои неконро
Зи нури меҳри миноӣ,
Дурахши оташи поки аҳуроӣ,
Шарори озари пуртоби доноӣ.
Раҳонад фикрати маздопарастонро зи коноӣ.
Варо ман размафкан офаридам,
Зи баҳри торумори бадкуниш девон,
Зи баҳри тарту парти бешумар яздон,
Басо яздони ношоисту нобоист,
Басо яздони бебунёду бесомон.
Варо пирўзипарвар парваридам
Ба рағми нобакориҳои оҳарман,
Ки буда душмани парғунаи4 некўии инсон.
Ва эй африштагон –
1 Равони пок – ишора ба Сипандмену, ки онро хиради поки Офаридгор низ гӯянд.
2 Раҳойибахш – ишора ба Саошйант, ки бо ҳидояти ӯ нерӯҳои некӯйӣ бар нерӯҳои бадӣ қатъан пирӯз хоҳанд шуд.
3 Офанд – ҷанг; хусумат.
4 Парғуна - зишт, палид; дурушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё