МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар ҳикмати ту ҳикмати ашёст дилфурўз,
Чун шўълаҳои озари рақсони Навбаҳор1,
Бар ориён парастиши покии обу хок
Аз порсоиҳои ту мондаст ёдгор.
Зардушт, эй паямбари фармудаи Худо,
Фармудаи Худо ҳама фармудаи ту буд.
Эй он ки худ ҷуз одами хокӣ набудаӣ,
Оли Худои олия аз дудаи ту буд.
ҲУРМУЗД
Чу ойини Ҳурмузду Баҳман бувад,
Бар ин кохи фаррух нишеман бувад.
Ф и р д а в с ӣ.
Нидо аз хокдон ояд,
Нидои розҷўи хокие бар нуриён ояд,
Нидои Зардуҳушти сорбон аз дудаи
Испитамон ояд,
Зи марзи ориён ояд.
Нидои марди худсозе,
Худогўе, худоҷўе,
Худисўзе, худосозе.
Яке доно ба сад бўя,
Яке виро ба сад мўя,
Маро то пок бишносад ба кирдори беҳин Яздон,
Маро то пок бишносад ба вижа чун меҳин Яздон,
Маро то росто чун Кирдигори ростин ёбад,
Маро некофарин ёбад.
Варо ман офаридам дар басити хок,
1 Номи оташкадаи зардуҳиштии воқеъ дар Балх.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё