МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

к-аз насиме кибриёӣ дар тани ҳурон паровар мешавад, боли кафтар мешавад, осмон пур аз гули пар мешавад...
Баски гардун
Маншаи уммедҳову маҳзари меҳри Худост,
Чӣ аҷаб, гар болу пар шуд
Ин таманно тавсани ҳуши маро.
Чӣ аҷаб,
Аспи хаёле гар кашад гардунаи ёди варо
Бо раҳи нури яқин
Аз замин то бар самову аз само то бар замин.
ЭЙ ГИРИФТА!
Эй бўиғамгирифта,
мебўямат.
Эй рўи намгирифта,
мемўямат.
Эй роми рамгирифта,
меҷўямат.
Эй коми камгирифта,
мепўямат.
4-2000
ОЗАРАХШИ
ОЗАРОЙИН
ЗАРДУШТ
Хуҷистапаю номи ў Зардуҳушт,
Ки оҳармани бадкунишро бикушт.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт пайғамбарам,
Туро сўи Яздон ҳаме раҳбарам.
Д а қ и қ ӣ.
Зардушт, эй кушандаву созандаи Худо,
Эй он ки сарнавишти худоён навиштаӣ,
Садҳо худой куштаву афкандаӣ зи арш,
То як Худой аз гили инсон сариштаӣ.
Нури Худо зи шўълаи ирфонии ту буд,
Зўри Худо зи қудрати инсонии ту буд,
Некўии худо буда зоди накўият,
Раҳми Худо зи раҳмати инсонии ту буд.
Ақли Худой омада аввал туро ба сар,
Чун рўшании шўълаи афкори ориён,
Шеъри Худой омада аввал туро ба лаб,
Чун оби софи чашмаи ашъори ориён.
То кори хайр сархати ҳукми Худо бувад,
Чашми варо ба олами имкон гушудаӣ,
То дар замин даричаи фирдавс во шавад,
Ҳуши варо зи фитрати инсон рабудаӣ.
Дар мазҳаби ту мазраа андоми дилбар аст,
Дархурди молиши беҳин бо молаҳои даст..
Ҳарки фишонд дона бар оғўши поки варз,
Ёбад мақоми макрама андар биҳишти ҳаст.
Дар ояти ту охират имрўзи воқеист,
Хулди барин қаламрави эҷоду зиндагист.
Дар гирудори неку бад ангезаат буда
Пирўзии тамаддуну амну мароми зист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё