МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Он ҷо ки дар ҳавои Ҳақ дур аз ҳаво будам,
Бо навҳаҳои мурғи ҳақ шаб ҳамсадо будам.
Бо мавҷи саҷдаҳо басе дар ояҳо будам,
Бо авҷи раъшаҳо басе дар мўяҳо будам.
Сар то ба по тасовири дасти дуъо будам,
Масти Худо будам.
ГАРДУНА1
Ман чу аспе оташиннаълу фасороҳихта бо лагоме нуқракўб аз шишавори шўшаҳои оби дида мекашам гардунаи ёди Худоро бо раҳи нури яқин, аз замин то бар самову аз само то бар замин.
Мекашонам бо ҳавас бори ниюша2
бар ниюшои ҳама гулбонгу наҷво,
он ки чархонад ба гирди оси хуршед
бе садое чархболи нўҳ фалакро;
Пас чӣ сон осон набошад к-аз миёни ҷумлаи гўшонаву гулбонгҳо нолаҳое печбаста бар гулўи чархии гардунаеро авҷ бахшояд ба авҷи кибриё?
Пас бигўяд улвиёнро:
к-ин сафир аз хоки ғурбат мерасад, в-аз масири обии мавҷи дуъо; мар шуморо парниёнест армуғон аз арғунуни мўябофи синаҳое,
1 Гардуна – ароба, чорчарха.
2 Ниюша – нола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё