МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Он ҷо,
Чу тифли ҷангали эҳсосҳои нав
Парпеч мешудам
Дар парниёни абрии ҳурони сабзпўш.
Он ҷо ки буд дар лабам пистонаки саҳоб
Бо шири ширмоҳ.
Он ҷо шиноваре будам дар биркаҳои абр
Бо ширмоҳии маҳу гулмоҳиёни барқ.
Он ҷо
Зи роғи равзане аз равзаи биҳишт
Машшотаи сабо ҳаме атри сапеда ҳишт
Бар лобалои ҷангали мўи фариштаҳо.
Он ҷо ки буд чангаки ангушти навдаам Печандатар зи панҷаи печак ба тори нур Дар иштиёқи як уруҷ -- сўи ситораҳо.
Аммо, раҳам дар ин сафар Ҳампой бо замин буду ҳамдаст бо само.
Пое зи реша доштам, пое зи шохаҳо; Он гаҳ ки тай ҳамезадам пайроҳаи Симок1, Сўйи Самак2 ҳамешудам аз рахнаҳои хок.
Аз атри хок ёфта бўе зи субҳдам, В-аз хокбўс бурда раҳ то бўсаи Худо.
Он ҷо,
Зи қоби ҷисми худ азбас раҳо будам,
Сарҳалқаи маҳофили паррандаҳо будам,
Дар марғи гесувони атровари Худо
Бо набзи пуртаровише аз рўҳи обҳо.
1 Симок – номи ду ситора дар интиҳои бурҷи Асад.
2 Самак – моҳие, ки дар пушташ говест ва дар шохи гов Замин қарор гирифта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё