МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Чашми дилам зи нури Ҳақ пур аз шарора шуд,
То бинамат чу қосиди бедорие ба хоб,
Бишносамат чу раҳнамо бар манзили савоб.
Як лаҳза рўи шонаат, эй духти покзод,
Сар мондаму шинохтам худро зи асли худ,
Дигар набудӣ чораам ҷуз гиря аз нишот.
Оваҳ, чи оҷизе будам аз ҳадя доданат...
Ҷуз шаддаи ҳамойили ашкам ба гарданат...
Онро бигир,
бигир, ай қудсипаёми ман,
Баҳри ризо бигир.
Ай он ки бо ризои Ҳақ
Имшаб ба хоб омадӣ,
Аз равзагоҳи нуриён шодоб омадӣ,
Бо нагҳати ситораву маҳтоб омадӣ...
ДАР ОЯҲО, ДАР МЎЯҲО
Вақти азони бодҳо, вақти намози арчаҳо Ман бо хаёли отифе дар бешаҳо будам.
Он ҷо ки ҷонамозам аз суфи сапеда буд,
Дар буҳти як сукути лабрез аз фиғон,
Дар қабзаи суҷуди саршор аз ниёз,
Бо баргаҳои панҷаи ларзандатар зи барг
Гарми дуъо будам.
Ҷоми танам пур аз майи рўҳи набот буд,
Бо рўҳи сабзи баргҳо дар навдаҳо будам,
Бо пайки обии равон дар решаҳо будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё